Вохȳрии гурȳҳи кории устодони ДДТТ бо омȳзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои Кулоб, Восеъ, Данғара ва Норак

Аз рȳзи 16.02.2016 то 20.02.2016   гурȳҳи корӣ бо роҳбарии котиби Шȳрои олимони донишгоҳ Маҳсудинова Р.,  мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо ҷавонон Сафаров Ҷ. донишҷȳи курси 3, Додарбеков С. бо мақсади корҳои ташвиқотию тарғиботӣ  ба шаҳру ноҳияҳои Кулоб, Восеъ, Данғара ва Норак сафар намуда, бо омȳзгорону хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои мазкур вохȳриҳо доир намуданд. Мақсад аз ин вохȳриҳо ба довталабон шинос намудани ихтисосҳои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон  тибқи феҳристи  Маркази милли тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарту шароити таҳсил донишгоҳ буд.
Дар охир мудирони маориф, директорони мактабҳои шаҳру  ноҳияҳои номбаршуда, аз рафти кори гурȳҳи корӣ изҳори қаноатмандӣ намуда пешниҳод намуданд, ки чунин вохȳриҳои судманд ҳамасола бо хатмкунандагон баргузор гардад.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top