Омȳзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хобгоҳи донишҷȳён

Санаи 9.02.2016 тибқи Нақшаи – чорабинии шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ дар хобгоҳи донишҷȳён бо ташаббуси раисони Шȳрои донишҷȳёни хобгоҳҳо чорабинӣ оид ба омȳзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ректори донишгоҳ д.и.и., профессор Шарипов М.М. ва дигар масъулин ширкат варзиданд. Чорабиниро мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Ҳомидов А.Н. ҳусни оѓоз бахшида чунин зикр намуд, ки новобаста аз шароити торафт мураккабшавии вазъи ҷаҳони муосир, аз натиҷаҳо бар меояд, ки ҷумҳурии мо ба дастовардҳои назараси иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардидааст. Сипас, донишҷȳи курси 4 ихтисоси 250109 Файзов Лоиқ, донишҷȳи курси 3, ихтисоси 250103 Мирзоев Нурмуҳаммад, донишҷȳи курси 1, ихтисоси 230101 Тураева Шаҳло, донишҷȳи курси 3, ихтисоси 240101 Эмомзода Абдураҳмон, оид ба паҳлуҳои гуногуни Паёми имсола маърȳза намуданд. Дар охир ректори донишгоҳ д.и.и., профессор Шарипов М.М. оиди ҷабҳаҳои муҳими Паём суханронӣ ва қайд намуд, ки Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар як барномаи мукаммал барои некȳаҳволии мардум ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистон мебошад. Ин Паём инъикосгари муҳимтарин воқеаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар маҳсуб шуда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аз ҷониби Пешвои миллат ирсол гардиданд. Паём барои ҳар як фарди кишварамон роҳнамо ва барномаи кории солона мебошад.

Шуъбаи кор бо ҷавонон.

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top