Сахт нагӯӣ, суст наояд, Набояд муҳраи бозӣ бошем, Раҳмонобод дирӯзу имрӯз

Сахт нагӯӣ, суст наояд. Суҳбати ошкоро бо раиси вилояти Бадахшон Шодихони Ҷамшед

     Шодихони Ҷамшед соли 2016-ро дар Бадахшон  соли мубориза бо ҷинояткорӣ эълон кард.
    Якшанбе. Раиси вилояти Бадахшон Шодихони Ҷамшедро дар дафтари кориаш танҳо дарёфтам. Ӯ ғарқи андеша дар курсие нишаста буд. Бо дидани ман ӯ аз ҷой нимхез шуд ва даъват ба нишастан кард. Суҳбати мо ошкоро буд. Ман бори аввал шоҳиди суҳбати роҳбаре дар ин сатҳ будам, ки ба ин андоза рӯшод сухан мегӯяд. Ин дилкафонӣ не,  баёни ҳақиқати ҳол дар як гӯшаи кишварамон буд. Ин мактаби  ошкорбаёнии Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки борҳо, аз ҷумла боре ҳангоми суҳбат бо хабарногорони  телевизиони «Ал-Ҷазира» дар Қатар шоҳиди он будам. Ман ҳам ба андеша рафтам: оё лозим аст, ки ҳамаи онҳоро рӯйи коғаз оварам?

Муфассал...

Набояд муҳраи бозӣ бошем

Ё андешаҳо дар ҳошияи мақолаи доктори улуми сиёсатшиносӣ Саймумин Ятимов «Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ.
(Шуури муқаррарӣ)»
 МО БОЯД ЧӢ КОР КУНЕМ?

Замон ва ҷаҳон ба марҳилаи наву ҳассос ва таърихию сарнавиштсоз ворид шуда ва акнун метавон гуфт башарият ба вартаи хатарноку даҳшатборе омада расида. Гӯё ҳама ва дар чор гӯшаи олам роҳи бурунрафт аз ин бунбастро меҷӯянд, аммо вазъ печидатар шудан дораду роҳи раҳоӣ аз буҳрон то ҳанӯз пайдо нест. Аз чорсӯи дунё ҳар рӯзу ҳар соат маргу тахриб, таъзиқу таъқиб, таҳдиду таркиш, ҷангу ноамнӣ, террор, муноқиша, одамкушӣ бо шевахои гӯшношуниду муҷозот бо усулҳои дақёнусиро мешунавему мехонем. Барои қудратҳои зӯргӯ ва ба истилоҳ ҳомиёни ҳуқуқи башар оташафрӯзӣ дар миёни миллатҳо ва дар ақсои олам як кори маъмулӣ шуда. Кишварҳои амну ороми олам, ба хусус давлатҳои мусалмонии Шарқ яке пайи дигаре ба коми ҷангу ноамнӣ гирифтор мегарданд.

Муфассал...

Раҳмонобод дирӯзу имрӯз: пайғоми мардуми шаҳрак ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Аз Хоруғ то Раҳмонобод 30 км. Сардии ҳаво, роҳҳои яхбаста ба ҳаракати  «Тангем»- ҳои чиноӣ дар ин роҳ, ки  Тоҷикистонро бо Чин мепайвандад, монеа эҷод намекунанд. Дар баромадгоҳи Хоруғ аз ронандае пурсидам:
- То Раҳмонобод чанд пул?
- Се сомонӣ, - мегӯяд ронанда ва даъват ба нишастан мекунад.
   Ҳамсуҳбатони ман коргарон, деҳқонон, омӯзгорон – одамони одии дараи Ғунд  дар ин истгоҳ интизори мошинҳои мусофиркаш буданд.  Онҳо чун мардуми одии Кӯлоб, Данғара, Хуҷанд, Панҷакент, Ҳисор ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон шукргузоранд. Вақте ки сухан аз дастовардҳои вилояти Бадахшон мерафт, дам ба дам аз забонашон «Ба баракати Ҷаноби Олӣ»  садо медод.  Мардуми одӣ дур аз тамаллуқ аст. Билхоса,  дар ин диёр. Ҳар чӣ мегӯяд, аз дил мегӯяд.  Ман инро қаблан, замони Шӯравӣ, ки ба ин сарзамин зиёд сафар доштам, медонистам. Охирин қурси нонашро пеши меҳмон рӯйи дастархон мегузорад.

Муфассал...

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top