Донишҷӯи «Болаёқат» дар соли 2015 аз Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Санаи 14 январи соли 2016 дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи бехтарини сол» баргузор гардид, ки дар он аз Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон донишҷӯи курси 4, ихтисоси 250103 Раҳмонзода Меҳринисои Ислом ва Дилоева Мадина донишҷӯи курси 2, ихтисоси 250103 дар баробари 28 - нафар иштирокчиён аз донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳури иштирок варзиданд.
Хушбахтона донишҷӯи курси 4, ихтисоси 250103 Раҳмонзода Меҳринисои Ислом дар озмуни мазкур ба гирифтани ҷои дуюм ва наминатсияи “Донишҷӯи болаёкат дар соли 2015” сарфароз гардид.
Инчунин санаи 15.01.2016 дар Маркази ҷумҳуриявю фарҳангии ҷавонон “Ориёно” озмуни ҷумҳуриявии “Таронаҳои донишҷӯӣ” баргузор гардид, ки донишҷӯи курси 4, ихтисоси 250103, Давлатова Ҷамила бо суруди «Точикистон» аз рӯи жанри фалак дар сатҳи баланд сароида барои иштироки фаъолна намуданаш дар озмуни мазкур бо сипосномаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдони карда шуд.
Раёсат, колективи устодон ва донишчӯён, шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Рахмонзода Мехринисои Ислом ва Давлатова Ҷамиларо барои бо ин дастовардҳо ноил гардидан табрику муборакбод намуда барояшон дар оянда бурдбориҳо ва комёбиҳоро таманно менамоянд.

Шуъбаи кор бо ҷавонон

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top