Вохӯрии ректор д.и.и, профессор Шарипов М.М. бо донишҷӯёни ятими кулли донишгоҳ дар арафаи Соли нави мелодӣ

Бо мақсади иҷро намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгири намудани ятимони кулли муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат санаи 30.12.2015 ректори донишгоҳ бо донишҷӯёни ятими кулле, ки дар донишгоҳ таҳсил менамоянд, вохӯри баргузор намуд. Дар вохӯрии мазкур оид ба шароити таҳсил дар донишгоҳ ва ҳолати зиндагии онҳо дар хобгоҳ сӯҳбат доир гардид. Ректори донишгоҳ инчунин қайд намуд, ки ҳамаи ин дастгириву ғамхори ва шароитҳое, ки имрӯзҳо ба шумо муҳаё гардидааст, бо кӯшишу заҳматҳои ҳамарузаи сарвари мамлакатамон мебошад. Шумо низ бояд дар ҷавоб бо ҳамаи ғамхориҳои Ҷаноби Олӣ кӯшиш намоед, ки бо баҳои хубу аъло донишгоҳро хатм намуда , дар оянда барои халқу миллати хеш содиқона хизмат намоед. Дар интиҳои вохӯри ректори донишгоҳ ҳамаи ҳозиринро бахшида ба фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо тӯҳфаҳои солинавӣ, маводҳои таълимӣ, сару либос бо рамзи донишгоҳ ва инчунин бо мукофоти пулӣ (дар ҳаҷми 100 сомонӣ) тақдим намуд.

Шуъбаи кор бо ҷавонон

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top