Санаи 10.12.2015 дар толори фарҳангии донишгоҳ ҷиҳати иҷрои мактуби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Таронаҳои донишҷӯи» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 20 нафар донишҷӯён дар доираи фарҳанги миллӣ бо ҳам омехта намудани мусиқии мардумӣ ва мусиқии муосир (шашмақом, фалак, опера, реп, ҷаз, рок, поп ва ғайра) дар мавзӯҳои Ватан, модар, истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, муқаддасот ва ғайраҳо, сурудҳои омоданамудаи худро ба ҳайати ҳакамон пешкаш намуданд.
Бо хулосаи ҳакамон донишҷӯёни зерин сазовор ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд:
Ҷои якум: Зайнаби Файзулло курси – 1, ихтисоси 240101
Ҷои дуюм: Давлатова Ҷамила курси – 4, ихтисоси 250103
Ҷои сеюм: Сиёвуши Раҳматулло курси – 1, ихтисоси 25010402
Иштирокчиёни фаъол:
 Бахтовари Тағоймурод курси – 2, ихтисоси 25010700
 Амонов Шукрулло курси – 3, ихтисоси 960101
 Раҳимов Насим курси – 3, ихтисоси 250103
Шуъбаи кор бо ҷавонон

  

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top