Ташрифи намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ба Донишгоҳи Давлатии тиҷорати Тоҷикистон

30.10.2015 соати 10:00 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, вохурии донишҷўёни гурўҳҳои махсуси англисӣ аз факултаи Муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва ҳуқуқ бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, аз ҷумла Ханс Тиммер (хатмкардаи Донишгоҳи Эразми Роттердам, ш. Роттердам, дорандаи дараҷаи магистр бо тахассуси эконометрика), сариқтисодчии Бонки Ҷаҳонӣ дар Европа ва Осиёи Марказӣ ва Алиқулова Навруза ассистент доир ба муносибатҳои ҷамъиятӣ, баргузор гардид. Дар ҷараёни чорабинӣ Ханс Тиммер дар мавзуи «Шарҳи иқтисодиёт дар Европа ва Осияёи марказӣ» баромад намуда, ба саволҳои сершумори донишҷуён ҷавоб гардонид.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top