Силсилавохӯриҳо дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки воқеии хатари паҳншавии нашъамандӣ,шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав аз тарафи бархе аз ҷавонон, тасмим гирифтааст,ки баргузории силсилавохӯриҳои фаҳмондадиҳиро баҳри пешгирии ин амалҳои номатлуб дар байни донишҷӯёни мактабҳои олӣ аз ҷумла дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ҳар як факултет дар алоҳидагӣ) баргузор намояд.
Санаи 27.10.2015 дар толори асосии донишгоҳ вохӯрии нахустин бо донишҷуён ва устодони факултети иқтисодиёт ва менеҷмент баргузор гардид,ки дар ин вохӯри намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоева О., Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов А.,Кумитаи ҷавонон,варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумти Ҷумҳурии Тоҷикистон Орифи О. ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва баромад намуданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top