Хатсайри туристӣ дар ноҳияи Ҳисор

Устодон ва донишҷӯёни кафедраи менеҷменти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар хатсайри туристие, ки дар таърихи 23 октябри соли 2015 дар доираи ҷашни 3000 солагии ноҳияи Ҳисор аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қалъаи Ҳисор ташкил карда шуда буд, иштирок намуданд.
Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҷашни 3000 солагии Ҳисори Шодмон, сайёҳати донишҷуёни риштаи туризми муассисаҳои олии мамлакат ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Душанбе ба Қалъаи Ҳисор, баҳри муаррифии захираҳои туристии кишвар ва шиносоии ҳарчи бештари наврасону ҷавонон аз таъриху фарҳанг ва расму оинҳои миллати соҳибтамаддуни тоҷик ташкил карда шуд. Хотиррасон бояд кард, ки рушди туризми дохилӣ ба беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва қабули сайёҳони хориҷӣ мусоидати бештар дорад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top