Вохӯрӣ бо фаъолзанон ва донишҷӯдухтарон

Санаи 22.10.2015 бо ташаббуси муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе», бахши бонувон ва донишҷӯдухтарони Донишгоҳ вохӯриро бо фаъолзанон ва донишҷӯдухтарон дар мавзӯи «Таҳаммулпазирии инсон дар таҳкими сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон» доир шуд. Дар вохӯри роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Занони маълумоти олидор», собиқадори меҳнат Бобосодиқова Гулҷаҳон Бобоевна, мудири шуъбаи журналистии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Руссия Қувватова Алла Ардаевна ва муовини директори «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе» Мирзоева Зуҳро ширкат варзида, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили нақши мард ва зан дар ташаккули институти муносибатҳои оилавӣ дар ҷомеа, насли муосири имрӯза ҳамчун натиҷаи таълиму тарбияи наврасон аз ҷониби волидон, ҷомеа, давлат, омилҳои ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ баромад намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top