Рӯзи байналмилалии Духтарон

Бахши бонувон ва донишҷӯдухтарон бо мақсади таълиму тарбияи ҷавондухтарон дар руҳияи милливу таърихӣ ва пешбарии онҳо ба созандагиву бунёдкорӣ, мустаҳкам намудани ҳисси масъулиятшиносӣ дар ниҳоди ҷавондухтарон - амалу рафтор ва гуфтору кирдор, баланд бардоштани маърифати худогоҳиву ватанпарастӣ, худшиносиву меҳандӯстӣ, омодагии ҷиддии ҷавондухтарон ба самти муҳими ҳаёти онҳо, ки дар ин замина фардои бунёдкоронаи миллату фарҳанг инъикос мегардад, санаи 12.10.2015 дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии Духтарон чорабинии фарҳангӣ доир намуд.  
Дар чорабинӣ муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода З., мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асророва З., ноиби ректор оид ба илм профессор Раҷабов Р.К. иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ донишҷӯдухтарон ва толибилмони литсейи назди донишгоҳ бо барономаи ҷолиб баромад намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top