Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни 24-умин солгарди Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

     Санаи 08.09.2015 соати 11:00 дар бинои асосии донишгоҳ бахшида ба ҷашни 24-умин солгарди Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ, Раёсати донишгоҳ, ҳайати профессорону устодон, донишҷȳён, инчунин Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ, Асоев Сайдалӣ Мадалиевич ва Мудири шуъбаи таблиғотии Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Қурбонмамадова Қурбонгул  иштирок доштанд.
     Ректори ДДТТ Шарипов М. М. бо сухани табрикотии худ дар мавзȳи сулҳу ваҳдат ва Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, сухани табрикотиро ба меҳмонон ва устодону донишҷȳён доданд.
     Аз ҷониби Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дар ш. Душанбе, барои ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ, ректори ДДТТ Шарипов М.М. бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
     Дар анҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ аз ҷониби донишҷȳёни донишгоҳ намоиш дода шуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top