Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рȳзи дониш

Санаи 01.09.2015 соати 8:00 дар донишгоҳ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рȳзи дониш баргузор гардид, ки дар он Гулов Иброҳим Шарипович, ҷонишини аввали Раиси Иттифоқи Тоҷикматлубот, Сангов Хуршед Раҳмоналиевич, ҷонишини Раиси Иттифоқи Тоҷикматлубот, Одинаев Ҷамолиддин, намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ, инчунин, Раёсат, ҳайати профессорону устодон ва донишҷȳёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иштирок доштанд.
Дар ҷараёни маҷлис иштирокчиён аз пахши мустақими Дарси Сулҳу дониш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Донишгоҳи давлатии ш. Кȳлоб ба номи Абȳабдуллои Рȳдакӣ баргузор гардид, дидан намуданд, инчунин, ректори донишгоҳ ва меҳмонон, ҳайати профессорону устодон ва донишҷȳёни донишгоҳро бо оғози соли нави таҳсил табрик намуданд.

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top