Ҳамкорони азиз! Донишҷȳён, аспирантон ва кормандони донишгоҳ!

Шуморо бо Рȳзи дониш ва оғози соли нави таҳсил табрик намуда, боварии комил дорам, ки ин сол мо ба дастовардҳо ва навовариҳои зиёд ноил мегардем.
Донишгоҳи мо ҳамеша бо хатмкунандагони бахши бакалавр ва магистратура, иштирокчиёни курсҳои бозомȳзӣ ва такмили ихтисоси худ, дар рушди иқтисоди кишвар саҳми арзанда мегузорад.
Шумораи зиёде аз хатмкунандагони мо дар соҳаҳои гуногуни идоракунии давлатӣ, молия ва соҳибкорӣ вазифаҳои масъулиятнокро ишғол намуда, донишгоҳро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он шȳҳратманд мегардонанд.
Аз самими қалб ба Шумо муваффақият ва пешравиҳоро дар таҳсилу фаъолият ва корҳои эҷодӣ таманно намуда, ҳамчунин ноил шуданро ба мақсадҳои дар пеш гузоштаатон орзу менамоям.


Ректор   Шарипов М. М.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top