Пирӯзии донишҷӯдухтар оид ба бокс миёни занон.

Донишҷӯи курси 4-уми  ихтисоси 25010402-корӣ бонкӣ Шоира Зулқайнарова ба даври нимниҳоии қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни занон, ки дар шаҳри Уланчаби Ҷумӽурии халқии  Чин ҷараён дорад, роҳ ёфт. ӯ дар вазни 64 кг рақиби муғулашро шикаст дода ба даври нимниҳоӣ бо варзишгардухтари Чин вориди рақобат мешавад. 

Шоира Зулқарнаеваро шуъбаи ҷавонони донишгоӽ,  аӽли устодону донишҷӯёни Донишгоӽи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои роӽ ёфтан ба даври нимниҳоии қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни занон самимона табрик намуда, барояш бурдбориӽоро дар соӽаи варзиш таманно намуданд.

Зулқайнарова Шоира Абдулайитовна соли 2012 ба Донишгоӽи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  ба  ихтисоси 25010402-корӣ бонкӣ бо тариқи озмун дохил шудааст. ӯ яке аз донишҷӯи фаъол  ба ӽисоб рафта, дар якчанд мусобиқаӽои варзишии дохил ва хориҷи кишвар баромад намуда, дар натиҷа соӽиби ҷойӽои намоён гардидааст. Раёсати донишгоӽ кӯшишу ғайрати  ӯро ба инобат гирифта, якчанд маротиба ӯро бо мукофотӽои пуливу молӣ қадрдонӣ намуданд. Аӽли устодону донишӯёни донишгоӽ  боварии комил доранд, ки ӯ ӽамчун як шахси бомаърифату Ватандӯст дар мусобиқаӽои оянда низ  соӽиби ҷойӽои намоён гардида, ба ин васила Парчами Ҷумӽурии Тоҷикистонро баланд бардошта, ифтихори донишгоӽу Ватани соӽибистиқлоламон мегардад. 

 

 

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top