НИЗОМИ КРЕДИТИИ ТАӼСИЛОТ


Бо сабаби ба низоми кредитӣ гузаштани муассисаӽои таӽсилоти олии касбии кишвар роӽбарони ин муассисаӽоро зарур аст, ки меъёрӽои дар сатӽи байналмилалӣ эътирофшударо пурра татбиқ намоянд ва доир ба масъалаи омӯзиши технологияӽои инноватсионӣ, ворид намудани таҷӽизоти ӽозиразамон ва ба ин восита самаранок гардонидани сифати таълим тадбирӽои ҷиддӣ андешида, ба забономӯзии донишҷӯён ва ба ҷойи кор ӽозир шудани хатмкунандагон диққати махсус диӽанд.

Эмомалӣ Раӽмон

ТАТБИҚИ НИЗОМИ КРЕДИТИИ ТАӼСИЛОТ НОГУЗИР АСТ,

чунин буд хулосаи фикру ақида ва андешарониӽои иштирокчиёни семинаре, ки дар асоси супориши Ӽукумати Ҷумӽурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниӽои Вазорати маориф ва илми Ҷумӽурии Тоҷикистон рӯзи 29-уми июни соли ҷорӣ дар Донишгоӽи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори семинар муовини Вазири маориф ва илми Ҷумӽурии Тоҷикистон Одинаев Бозоралӣ Неъматович, проректорон, сардорони департаментӽои таълим ва дигар шахсони масъули раванди низоми кредитии таӽсилоти макотиби олии шаӽри Душанбе иштирок доштанд.
Семинарро ректори Донишгоӽи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмӽои иқтисодӣ, профессор Шарипов Мӯминҷон Машокирович ӽусни оғоз бахшида, зарурати баргузории семинари мазкурро аз ҷумлаи тадбирӽои ӽамешагии Ӽукумати Ҷумӽурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумӽурии Тоҷикистон ҷиӽати татбиқи амалии ин низоми дар ҷаӽон эътирофгардида маънидод кард ва сипас суханро ба муовини Вазири маориф ва илми Ҷумӽурии Тоҷикистон муӽтарам Одинаев Б.Н. дод. Бозоралӣ Неъматович нахуст аз зарурати татбиқи пурраи низоми кредитии таӽсилот дар макотиби олии кишвар ва бартариӽои он ӽарф зада, дар маҷмӯъ аз дастовардӽое, ки муассисаӽои таӽсилоти олии касбии кишвар, бахусус Донишгоӽи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тайи даӽ соли ба ин низом гузаштан ба даст овардаанд, изӽори қаноатмандӣ намуда, татбиқи пурраи онро тақозои замон ва ӽадафи асосии ӽукумат ва Вазорати маориф ва илми Ҷумӽурии Тоҷикистон маънидод кард.
Муовини вазир бахусус, аз натиҷаӽои хуби бадастовардаи устодону профессорони Донишгоӽи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки дар байни муассисаӽои таӽсилоти олии касбии ҷумӽурӣ яке аз аввалинӽо шуда ба ин низом гузашт ва пешоӽанги татбиқ намудани низоми кредитии таӽсилот дар кишвар маӽсуб меёбад, ёдовар шуда, қайд намуд, ки раёсат ва ӽайати устодону кормандони донишгоӽ кӯшиш намуда истодаанд, ки дар ин самт корӽоро вусъати тоза бахшида, натиҷаӽои боз ӽам хубтарро соӽиб гарданд.
Бозоралӣ Неъматович аз он, ки татбиқи низоми кредитӣ дар баъзе мактабӽои олии кишвар мувофиқи матлаб нест, изӽори нигаронӣ намуд ва иброз дошт, ки тибқи қарори ӽукумати ҷумӽурӣ то охири ӽамин сол бояд тамоми муассисаӽои таӽсилоти олии касби ҷумӽурӣ ба низоми мазкур гузаранд. Ҷиӽати дигаре, ки дар ин самт беӽбудӣ мехоӽад,- гуфт ӯ,- ин ба талаботи ягона ҷавобгӯ набудани раванди таӽсили кредитӣ дар мактабӽои олӣ аст. Бояд раванди низоми кредитии таӽсилот дар ӽамаи мактабӽои олии кишвар якхела бошад. Бо ин мақсад,- суханашро идома гуфт Бозоралӣ Неъматович,- мо низомномаӽоро то оғози соли нави таӽсил аз сари нав дида мебароем. Инчунин, дар асоси дастуру супоришӽои муовини сарвазири ҷумӽурӣ Марӽабо Ҷабборӣ ва Вазири маориф ва илми Ҷумӽурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид доир ба татбиқи низоми кредитии таӽсилот минбаъд низ семинару конференсияӽо доир менамоем.
Сипас, эксперти байналмилалӣ номзади илмӽои иқтисодӣ, дотсенти Донишгоӽи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Нарзулло Сангинов дар мавзӯи «Татбиқи низоми кредитии таӽсилот – омили муӽими воридшавии Ҷумӽурии Тоҷикистон ба фазои ягонаи таӽсилоти ҷаӽон» маърӯза намуд. Маърӯзачӣ аз таърихи пайдоиш ва ташаккули низомӽои кредитии таӽсилоти дар ҷаӽон эътирофшуда, аз ҷумла, низоми амрикоии ғундории кредитӽо, низоми бритониёгии ғундорӣ ва гузаронидани кредитӽо, низоми аврупоии гузаронидани кредитӽо, низоми гузаронидани донишгоӽӽои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ёдовар шуда, бо далелӽои асоснок бартариӽои низоми кредитиро нисбат ба низоми анъанавӣ, зарурати воридшавӣ ба фазои ягонаи таӽсилоти ҷаӽонӣ ва тақозои замон будани онро бо мисолӽои мушаххас шарӽ дод.
Аз ин чор низоми дар ҷаӽон эътирофгардида-, гуфт маърӯзачӣ,- низоми аврупоии таӽсилот барои муассисаӽои таӽсилоти олии касбӣ ва муассисаӽои таӽсилоти миёнаи касбии Ҷумӽурии Тоҷикистон қобили қабул гардид, ки алӽол дар аксар макотиби олии кишвар донишҷӯён тибқи ин низом таӽсил карда истодаанд. Маърӯзачӣ дар хусуси камбудиӽои ҷойдошта дар раванди татбиқи низоми кредитии таӽсилот дар макотиби олии Ҷумӽурии Тоҷикистон андешаронӣ карда, ислоӽи саривақтии онӽоро зарур донист. Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки талаботи низоми кредитии таӽсилот, хусусан дар ҷодаи таъмин намудани донишҷӯён бо комплексӽои таълимӣ-методӣ ва маводӽои тақсимшаванда дар дарс; холгузории ҷорӣ ба фаъолияти ӽамарӯза ва натиҷаи иҷрои кори мустақилонаи донишҷӯён; хориҷ намудани донишҷӯ аз фан дар асоси пешниӽоди устод; дар мавриди роӽ додани ӯ ба дарсшикании зиёд аз фанни мазкур (зиёда аз 25%); қабули имтиӽонӽои такрорӣ танӽо пас аз такроран омӯхтани фан ва ғайра, аз ҷониби на ӽамаи мактабӽои олӣ иҷро мегардад. Кори мустақилонаи донишҷӯён бо роӽбарии устод дар қисме аз мактабӽои олӣ ба идомаи машғулиятӽои лексионӣ ва амалӣ табдил ёфтааст. Рейтинги донишҷӯён дар қисмати зиёди мактабӽои олӣ на ӽамчун миёнаи арифметикӣ (ё ӽосили ҷамъ)-и холӽои дар давоми 7 ӽафта соӽибгаштаи ӯ муайян карда мешавад, балки ӽамчун имтиӽони алоӽида қабул карда мешавад, ки пайдоиши ӽодисаӽои номатлубро имконпазир мегардонад. Пешбинии омӯзиши ӽатмии миқдори аз меъёр зиёди фанӽои умумитаълимӣ дар стандартӽои давлатии таӽсилот, мутобиқгардонии нақшаю барномаӽои таълимиро ба стандартӽои байналмилалӣ мушкил мегардонад. Иҷроиши қисми дуюми сарбории устодон, ки дар шароити низоми кредитии таӽсилот зиёда аз 60 фоизи сарбории умумии устодро ташкил медиӽад, зери назорати қатъӣ қарор надорад. Нақшаӽои таълими ихтисосӽои мувофиқи донишгоӽӽо аз ӽамдигар фарқияти зиёд доранд, ки ин интиқоли донишҷӯёнро аз як донишгоӽ ба донишгоӽи дигар мушкил мегардонад. На ӽама мактабӽои олии ҷумӽурӣ бо сабабӽои танқисии молиявӣ ва кадрӣ автоматикунонии раванди таълим ва қабули имтиӽонӽоро, ки яке аз талаботӽои низоми кредитӣ ва омили муӽими воридшавӣ ба фазои ягонаи таӽсилоти ҷаӽон мебошад таъмин карда тавонистаанд.
Низоми кредитӣ,- суханашро давом дода гуфт маърӯзачӣ,- шахшуда (догма) нест ва макотиби олӣ метавонад онро тағйир диӽад. Бо назардошти хусусиятӽои миллӣ мо ба он тағйирот ворид намудем. Чунончи, давомнокии таӽсил дар мктабӽои мо 16 ӽафта аст. Дар Аврупо бошад, 14-15 ӽафта. Нарзулло Сангинович инчунин дар бораи омилӽои таъминкунандаи раванди воридшавии муассисаӽои таълимӣ ба фазои ягонаи таӽсилоти ҷаӽон, аз ҷумла, мутобиқати санадӽои меъёрию ӽуқуқӣ дар соӽаи маориф, мувофиқати зинаӽои таӽсилот (бакалавр, магистр, доктори Phd), мувофиқати меъёрӽои муайянкунандаи сифати таӽсилот, истифодаи низоми кредитӣ-рейтингӣ, мувофиқати меӽнатталабии азхудкунии барномаӽои таӽсилот (миқдор ва андозаи кредит), мувофиқати стандартӽои давлатии таӽсилоти олӣ ба стандартӽои байналмилалӣ, принсипӽои асосии низоми кредитии таӽсилот, камбудиӽо дар раванди татбиқи низоми кредитии таӽсилот дар Ҷумӽурии Тоҷикистон, тавсияӽо оид ба таъмини баробарарзишии кредитӽо, дараҷаӽои академӣ ва тахассусӽо аз ҷиӽати меӽнатталабии барномаӽои таӽсилотӣ, таносуби соатӽои аудиторӣ ва ғайриаудиторӣ дар барномаӽои магистр ва доктори Phd, модели консептулии ташаккули салоӽиятнокии хатмкунандагони муассисаӽои таӽсилоти олӣ, таркиби басти иттилоотие, ки дар веб сайти донишгоӽ бояд дохил карда шавад, феӽристи мавзӯъӽо ва намудӽои кори мустақилонаи донишҷӯён аз фан, журнали қайд ва холгузорӣ ба кори мустақилонаи донишҷӯён бо роӽбарии устод, таносуби тавсияшавандаи шаклӽои мухталифи сарбории устод, меӽнатталабии азхудкунии барномаи бакалаврият дар низоми кредитии амрикоӣ ва аврупоии таӽсилот, ки татбиқи амалии онӽо бешубӽа, муваффақияти корро таъмин намуда, ба баланд гардидани сифати таълим дар зинаӽои гуногуни таӽсилот мусоидат менамоянд, суханронӣ намуд. Ӯ дар фарҷоми суханаш зарурати гузаштан ба низоми кредитии таӽсилот ва татбиқи пурраи онро талаби замон ва ногузир маънидод кард.
Баъди анҷоми маърӯзаи пурмазмуни дотсент Н. Сангинов, ки атрофи он саволу ҷавоб ва баӽсу мунозираӽои ҷолиб сурат гирифтанд, иштирокчиёни семинар дар Маркази тестии Донишгоӽи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки бо 100 адад компютерӽо муҷаӽӽаз гардонида шудааст, маърӯзаи сардори департаменти таълими ДДТТ, дотсент Раӽмоналӣ Мирзоевро, ки «Автоматикунонии раванди таълим – омили муӽими самарабахши низоми кредитии таӽсилот» номгузорӣ шуда буд, бо истифода аз воситаӽои муосири техникии таълим паӽлуӽои раванди автоматикунониро ба таври амалӣ муаррифӣ намуда, доир ба ин мавзӯъ ва умуман семинари ба низоми кредитии таӽсилот бахшидашуда саволӽои зиёд дода, ҷавобӽои қаноатбахш гирифтанд. Инчунин дар Маркази тестии донишгоӽ аз иштирокчиёни семинар қабули имтиӽони рамзӣ ба тариқи компютер сурат гирифт.
Семинарро муовини Вазири маориф ва илми Ҷумӽурии Тоҷикистон Бозоралӣ Нематович ҷамъбаст карда, аз иштироки фаъолонаи шахсони мутассаддӣ ва натиҷаи кори онӽо изӽори қаноатмандӣ намуд ва иброз дошт, ки семинари оянда, ки моӽи август баргузор хоӽад гашт, ба боз ӽам беӽтар гардидани корӽо дар самти татбиқи низоми кредитии таӽсилот дар макотиби олии кишвар мусоидат хоӽад кард.
Муӽтарам Одинаев Б.Н. инчунин ба ректори Донишгоӽи давлатии тиҷорати Тоҷикистон профессор Шарипов М.М. барои муӽайё намудани шароити мусоид, маърӯзаӽои ҷолибу пурмазмуни устодони донишгоӽ дар семинар ва дар сатӽи баланд гузаронидани он изӽори сипос намуд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top