Маҷлиси тантанавӣ

     Санаи 25.06.2015 бахшида ба Рȳзи Ваҳдати миллӣ дар толори асосии донишгоҳ маҷлиси тантанавӣ бо иштироки муовини аввали Раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Гулов И.Ш., намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Буриев Н.С. ва муовини сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ш. Душанбе  Гулов М. таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ – шиори мост» баргузор гардид.
     Ҷаласаро ректори донишгоҳ д.и.и., профессор Шарипов М.М. ҳусни оғоз бахшида меҳмонон ва аҳли толорро ба ин ҷашни фархундаи тақдирсози миллат шодбош гуфт. Сипас оид ба дастовардҳои даврони Истиқлолият маълумот дода, аҳли толорро ба худшиносию худогоҳӣ, ватандȳстию инсонпарварӣ, дастгирии ҷавонон аз сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ,  шомил нашудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва гурȳҳҳои ифротгаро ва муборизаи беамон ба муқобили терроризму экстремизм ва даъват намуд.
     Қайд кардан ба маврид аст, ки сарфарозии хатмкунандагони донишгоҳ ба гирифтани диплом ба ин санаи тақдирсоз рост омад ва боз ҳам ба ҷашни Ваҳдати миллӣ ҳусну таровати наве зам намуд.
     Дар ин ҷашн аз ҷониби муовини аввали Раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Гулов И.Ш, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Буриев Н.С. ва ректори донишгоҳ профессор Шарипов М.М. ба хатмкунандагони фаъоли донишгоҳ дипломҳо супорида шуд.
     Дар ҷамъбасти чорабини гурȳҳи ҳунарии «Тоҷири Аҷам» - и донишҷȳёни донишгоҳ бо барномаи рангини фарҳангӣ баромад намуда, сурудҳо дар васфи Ватан, Модар, Ваҳдат ва Сулҳу Дȳстиро пешкаши аҳли толор намуданд.   

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top