Семинари илмӣ дар мавзӯи “Масоили баланд бардоштани сатҳи меҳмоннавозӣ ва хизматрасонии туристӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

      Санаи 11 июни соли 2015 бо ташаббуси Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон семинари илмӣ дар мавзӯи “Масоили баланд бардоштани сатҳи меҳмоннавозӣ ва хизматрасонии туристӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки васеи муттахасисони соҳа ва роҳбарияти тарабхонаву меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои туристӣ баргузор гардид.
     Семинари илмӣ бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Шарипов М.М. ҳусни оғоз бахшид.
     Инчунин ректори донишгоҳ, профессор Шарипов М.М. қайд карданд, ки тибқи дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масоили баланд бардоштани сатҳи меҳмоннавозӣ хизматрасонӣ дар кишвар мавриди таҳким ва тадбиқ қарор дода шавад. Аз ин рӯ мутахасисони соҳа ва ҷавононро мебояд, ки дар паи омӯзиш ва ҳалли масъалаи зикргардида кушиш ба харҷ диҳанд.
    Сипас дар кори семинар директори Агентии Тоҷикстандарт Қурбониён И.К, сардори раёсати Агентии Тоҷикстандарт Дамонов М.М. дар мавзӯи Стандартизатсияи хизматрасонӣ, ҷорӣ намудани низоми хизматрасонӣ аз рӯи талаботҳои байналмиллалӣ, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Р. дар мавзӯи Туризми Тоҷикстон. Имконият ва заминаҳои ҳамкорӣ, раиси Ассотсиатсияи тарабхонадорон ва меҳмонхонадорони Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродов Р.А. дар мавзӯи Хизматрасонии меҳмонхона ва хӯроки умумӣ қисми таркибии соҳаи туризм ва меҳмоннавозӣ, устоди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Назаров Д.Н. дар мавзӯи Муаррифии стандарти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Таснифи муассисаҳои хӯроки умумӣ”, Усулҳои хизматрасонӣ дар соҳаи хӯроки умумӣ барои сайёҳон аз рӯи таҷрибаи байналмиллалӣ, устоди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Раҳмонов И.Қ. дар мавзӯи Муаррифии лоиҳаи инноватсионӣ  “Нақши минтақаҳои соҳаи сайёҳии табобатӣ – истироҳатӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон”, директори мактаби миллии меҳмондорӣ Каримов Т. дар мавзӯи Тайёр намудани муттахасисони касбӣ яке аз самтҳои асосии баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ баромад намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top