Чорабиниҳои фарҳангии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ

Санаи 20.06.2015 дар асоси Нақшаи баргузории чорабиниҳои фарҳангии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар «Боғи Ирам» - и шаҳри Душанбе, ки аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, дастаи ҳунарии «Тоҷири Аҷам» - и донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо барномаи дилписанди фарҳангӣ баромад намуданд. Дар ин барнома сурудҳо дар васфи Тоҷикистон, Ватан, Сулҳ ва Ваҳдат пешкаши тамошобинон гардонида шуд.
Ҳамзамон дар рӯзи баргузории барномаи фарҳангии дастаи ҳунарии «Тоҷири Аҷам» дастовардҳои донишгоҳ дар шакли намоиш (выставка) манзури тамошобинони хориҷӣ ва ватанӣ гардид.
Ташриф ва ҳузури меҳмонон ректори донишгоҳи савдо ва иқтисоди кооператсияи матлуботи шаҳри Гомели Ҷумҳурии Белорусия Лебедева Светлана Николаевна, муовини ректор оид ба илму инноватсияи донишгоҳи зикршуда Снеткова Наталья Александровна ва муаллими калони Донишгоҳи менеҷменти Алмаато Умирзакова Динара  Колдыбековна аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба барномаи фарҳангӣ  ҳусну таровати тоза бахшид. Меҳмонон дар охир суханронӣ намуда, таасуротҳои хешро ҷиҳати рушди инкишоф додани анъанаҳои миллӣ, саҳми ҷавонон дар пешрафти илму маърифат, ҷавонон қувваи созанда ва пешбарандаи ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қаноатмандӣ иброз доштанд. 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top