Конференсияи 3-юми байналмилалии илмӣ-амалии «Масоили мубрами рушди иқтисодиёт ва таҳсилот»

19-20 июни соли 2015 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Конференсияи 3-юми байналмилалии илмӣ-амалии «Масоили мубрами рушди иқтисодиёт ва таҳсилот» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони донишгоҳҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Ҷиҳати иштирок дар ин ҳамоиш ҳамчунин аз 37 макотиби олӣ, ниҳодҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва сохторҳои тиҷорӣ беш аз 150 маърӯзаҳо (аз ҷумла аз кишварҳои Лаҳистон, Испания, Украина, Молдова) пешниҳод гардиданд.
Мақсади конференсияи мазкур муҳокимаи масъалаҳои ҳалталаби инкишофи иқтисодиёт ва таҳсилот дар Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ дар шароити тағъиротҳои азими иқтисодӣ маҳсуб меёбад.
Дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсия ректори ДДТТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Мӯъминҷон Шарипов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаёт Одинаев, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (профессор Хуршед Зиёев), Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот (Иброҳим Гулов) ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Рустам Азизов) ректори Донишгоҳи савдою иқтисоди кооператсияи матлуботи Белорус (ш. Гомел), доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Светлана Лебедева, ректори Донишгоҳи кооператсияи матлуботи Сибир (ш. Новосибирск) Владимир Степанов, намояндаи Донишгоҳи менеҷменти Алматои Қазоқистон Динара Умирзоқова, олимони иқтисодшиноси тоҷик Раҷаб Раҷабов ва Назрулло Сангинов маърӯзаву суханронӣ намуданд.
Сипас дар бахшҳо аз рӯи самтҳои зерин:

  • - Нақши кооператсияи матлубот дар таъмини болоравии иқтисодӣ;
  • - Иқтисодиёти инноватсионӣ: мушкилот ва дурнамои тараққиёт;
  • - Масъалаҳои муҳоҷират ва идораи захираҳои меҳнатӣ;
  • - Сиёсати давлатии дастгирии соҳибкорӣ ва хизмати маишӣ;
  • - Инноватсия дар таҳсилот, ҷорӣ намудани технология ва усулҳои нави таълим – маърӯзаву гузоришоти илмӣ мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор ёфтанд.

Маҷмӯи маводи конфронс, ки дар дар ҳаҷми 75 ҷузъи чопӣ дар нашриёти «Ирфон» бо сифати баланд ба табъ расидааст, дастраси иштирокчиён ва меҳмонони конфронси мазкур гардид.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top