Маросими супоридани диплом

23.05.2015 маросими супоридани диплом ба хатмкунандагони шуъбаи омӯзиши ғоибонаи ДДТТ баргузор гардид, ки дар он ноиби ректор оид ба таълиму тарбия Акрамов Ф.М. суханронӣ намуда, хатмкунандагонро бо ин рӯзи фирӯз табрику муборакбод намуд.

Ҳамзамон хатмкунандагон Қурбонова Марҳабо, Умаров Набиҷон аз номи хатмкунандагон сухан гуфта, ба устодони донишгоҳ ибрози миннатдорӣ намуданд. 

       Бояд қайд кард, ки соли хониши 2014-2015 шуъбаи омӯзиши ғоибонаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро 439 нафар аз рӯи 12-ихтисос хатм намуданд. 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top