Озмӯни маърифатӣ – фарҳангии «Кадбонуи беҳтарин»

      Имрӯзҳо ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси эълон гардидани соли 2015 «Соли оила» дар тамоми ташкилоту кумитаҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар чорабиниҳои маърифатию зеҳнӣ бахшида ба «Соли оила» баргузор гардида истодааст.

      Бо мақсади дарёфт ва дастгирӣ намудани донишҷӯдухтарони соҳибзавқу лаёқатманд ва ба ин васила густариши фарҳангу маънавиёти миллӣ, мустаҳкам намудани ҳисси масъулиятшиносӣ дар ниҳоди ҷавондухтарон дар амал, рафтор, гуфтору кирдор, баланд бардоштани маърифати худшиносиву меҳандӯстии донишҷӯдухтарон ва омодагии ҷиддии ҷавондухтарон ба самти муҳими ҳаёти онҳо, ки дар ин замина фардои бунёдкоронаи миллату фарҳанг инъикос мегардад, санаи 20 майи соли ҷорӣ бо ибтикори бахши бонувон ва донишҷӯдухтарон чорабинӣ таҳти унвони «Кадбонуи беҳтарин» дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид.
      Дар озмӯни маърифатӣ – фарҳангии «Кадбонуи беҳтарин» аз ҳар як  факултетҳои донишгоҳ ду нафарӣ донишҷӯдухтарон, ки дорои маҳорати хуби кадбонугӣ мебошанд, ширкат варзиданд.
      Дар раванди баргузории чорабинӣ риояи либоси кадбонугӣ, тозагии забон ва дигар хислатҳои ҳамида аз қабили сабуриву назофат ва латофату малоҳат аз ҷониби аъзои ҳакамон, ки аз ҳисоби меҳмонон ва устодону кормандони ботаҷрибаи донишгоҳ интихоб шуда буданд, ба инобат гирифта шуд.  
      Ғолибон ва иштирокчиёни озмӯн аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top