Маълумот оид ба Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи 7.05.2015

     Дар таърихи 7.05.2015 Мушовараи ғайринавбатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи молия ва савдои Тоҷикистон шуда гузашт.
     Дар мушовара як масъала: «Оид ба гузариш ба низоми ҷаҳонии таҳсилот- низоми кредитии таҳсилот» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Баромадаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисод, профессор Шарипов М.М. дар рўзнома ворид карда шуда буд.
    Ректори донишгоҳ  раванди татбиқи низоми кредитии таҳсилотро  дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон: марҳилаҳои асосӣ, дастовардҳо ва мушкилот  муаррифӣ намуданд.  
     Зимни баромади худ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид қайд карданд, ки таҷрибаи ба дастовардаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро дар ин самт дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ мавриди татбиқ қарор дода шавад, инчунин таъкид намуданд, ки низоми Аврупоии таҳсилот  (низоми кредитии таҳсилот) дар тамоми муассисаҳои таълимӣ  роҳандозӣ карда шавад.
     Ҳамзамон Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид ба ректори донишгоҳ супориш доданд, ки муаррифии мазкурро дар шакли слайдҳо (брошюра) ва  электронӣ (дар дискҳо сабт намуда) тайёр намуда, ба ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дастрас намуда, дар донишгоҳ семинари умумиҷумҳуриявӣ оид ба татбиқи низоми кредитии таҳсилот баргузор намоянд. 

Шумо метавонед маълумоти бештарро аз ин ҷо дастрас кунед 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top