Kонференсияи илмӣ-амалии устодон

   Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии устодон аз рӯи натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бахшида ба даҳсолаи  байналхалқии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015 оғоз гардид.
     Дар оғози конференсия  ректори донишгоҳ профессор Шарипов М.М.  иброз дошт, ки мақсади асосии даҳсолаи  байналхалқии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015  дар асоси такмили илму маориф, пеш аз ҳама тарбияи экологӣ ва ба пурраги истифода намудани захираҳои обии Тоҷикистон мебошад, ки дар оянда яке аз рукнҳои ба даст овардани рушди иқтисоди кишвар ва баланд шудани нуфузи он дар ҷаҳон мебошад.
    Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ н.и.с., дотсент Шарипов М.И. дар мавзӯи «Моҳияти ташаббусҳои экологии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», ассистент Ҷабборов Ф. дар мавзӯи «Масъалаҳои танзими ҳуқуқии истифодабарии об» ва муаллимаи калон, Амонатова М. дар мавзӯи «Захираҳои гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодабарии самараноки он дар шароити муосир» баромад намуданд. Инчунин устодон Хуморов Д. ва Назаров С. нуқтаи назари хешро доир ба ин масъала иброз намуданд
    Кори конференсияи илмӣ - амалӣ дар 16 бахш идома ёфта, дар он устодон бо маърузаҳои илмӣ масъалаҳои ҳалталаби иқтисодиёти инноватсионӣ, ҳуқуқ, кооператсияи матлубот, гумрук, тиҷорат, иқтисоди ҷаҳонӣ, баҳисобгири бухгалтерӣ ва аудит, молшиносӣ ва технологияи хӯроки омма, фалсафа, сиёсатшиносӣ, математика, варзиш ва тарзи ҳаёти молимро мавриди баҳсҳои илмӣ қарор медиҳанд. Ҳамаи мақолаҳои илмии устодон аз ҷониби ҳайати таҳририя мавриди омӯзиш ва таҳрир қарор дода шуда, дар маҷмӯаи мақолаҳои конференсияи  илмӣ-амалӣ ва Паёми донишгоҳ  чоп карда мешаванд. Инчунин ғолибон бо мукофотҳои пулӣ қадр карда мешаванд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top