Сафири Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гаврук Олга Анатолевна дар чорабиниии ҷашнии бахшида ба 70 – солагии Ғалабаи бузург

Сафири Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гаврук Олга Анатолевна дар чорабиниии ҷашнии бахшида ба 70 – солагии Ғалабаи бузург,ки дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок намуд.

Пеш аз оғози ҷашн сӯҳбати Сафир бо ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Шарипов Мумин Машокирович баргузор шуд.


Дар рафти мулоқот ректори донишгоҳ қайд кард, ки дар макотиби олии Ҷумҳурии Белорус зиёда аз 40 донишҷӯ аз донишгоҳи мо таҳсил доранд, аз ҷумла дар Донишгоҳи савдою иқтисоди кооператсияи матлуботи Белорус (шаҳри Гомел) бештар аз 40 донишҷӯ аз рӯи барномаи бакалавриат ва наздик ба 10 донишҷӯ аз рӯи барномаи магистратура машғули омӯзиш мебошанд. Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳо байни кишварҳои мо дар соҳаҳои илмӣ, савдою иқтисодӣ ва роҳҳои тавсеаи минбаъдаи онҳо муҳокима шуданд. Таваҷҷуҳи вижа ба масоили омӯзиши донишҷӯён дар макотиби олии Ҷумҳурии Белорус аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин, ба фаъолияти таҳсилоти донишгоҳ, сохтори таълимию илмии он ва алоқаҳои илмии байналмилалӣ дода шуд.

Дар суханронии худ дар консерти ҷашнӣ Сафири Ҷумҳурии Белорус иброз дошт, ки ғалаба бар душман дар Ҷанги Бузургии Ватанӣ бонархи қурбонии зиёд ва талафоти гарони халқи Белорус ба даст оварда шуд.

Ишғолгарони немис баъд аз сари худ нишони даҳшатангези хунин, бадбахтӣ ва вайронию валангории беандоза боқӣ гузоштанд. Аз рӯи баҳои мутахассисон сарзамини Белорус нисбат ба дигар кишварҳои Аврупо бештар зарар дидааст. Сафир саҳми халқи тоҷикро дар ғалабаи умумӣ бениҳоят зиёд арзёбӣ кард ва ба таври вижа ҳиссаи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Домулло Азизовро дар озодкунии Белоруссия қайд намуд.

Ба шарафи ӯ яке аз кӯчаҳо дар шаҳри Минск, ки тахтаи фахрии Домулло Азизов дар он ҷойгир аст, номгузорӣ шудааст ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №35 низ дар шаҳри Минск номи ӯро дорад.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top