Варзиш

Аз 5 то 9 майи соли 2015 дар толори варзишии донишгоҳ марҳилаи ниҳоии Спартакиадаи донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди баскетбол гузаронида шуд.

Дар Спартакиада донишҷӯён аз макотиби олии шаҳри Душанбе ду даста, Вилояти Суғд як даста, Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон як даста, Вилояти Хатлон як даста иштирок доштанд.

 

Дар кушодашавии мусобиқа намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон Абдураҳимов Ҷамшед, намояндагон аз Федератсияи баскетболи Ҷумњурии Тоҷикистон, сардовари мусобиқа Бозоров З. ва саркотиби мусобиқа Сорокина О.С. иштирок намуда, суханронӣ карданд.

Дар мусобиқа дастаи донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (Душанбе 1) ва дастаи Донишгохи давлатии шаҳри Хоруғ барои ҷои якум ва дуюм қувваозмоӣ намуданд. Дастаи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (Душанбе 1) бо ҳисоби 63:36 ба дастаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғғолиб омада сазовори ҷои якум гардид. Ҷои дуюм насиби Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ва ҷои сеюм насиби ДПДТТ вилояти Суғд гардид.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top