Ҳисобот оид ба натиҷаи гузаронидани конференсияи илмию назариявии донишҷӯён бахшида ба «Соли оила» дар кафедраи Назарияи иқтисод

Конференсия дар факултети Муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва ҳуқуқ дар бахши назарияи иқтисодӣ санаи 28 апрели соли 2015 дар бинои таълимии № 5, синфхонаи 103, соати 1300 оғоз гардид.
Дар ибтидои конференсия мудири кафедра дотсент Юнусова М.М. баромад намуда, ҳозиринро ба ҳафтаи илм дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон табрик намуданд. Сипас барои пурсамар гузаронидани кори конфронс дар бахши назарияи иқтисодӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Кори конференсияи илмӣ-назариявии донишҷӯён бахшида ба «Соли оила» оғоз гардида, донишҷӯён зери роҳбарии устодони кафедра мақолаҳои худро пешниҳод ва маърӯза намуданд. Бо сабаби зиёд будани маърузачиён, як қисми онҳо ба рӯзи дигар яъне 29 апрел гузаронида шуд ва муҳокимаи онҳо дар кафедра барпо гардид. Умуман, дар конференсия 29 маърӯза пешниҳод гардида, илова бо таври истисно 4 нафар донишҷӯён бо хоҳиши онҳо шунида шуд.
Аз рӯи натиҷаи тадқиқоти илмӣ ва муҳокимарони чунин мақолаҳои донишҷӯёни ба ҷойҳои ифтихори пешниҳод карда шуданд:
1. Маърӯзаи донишҷӯи курси 2, ихтисоси 250107а Давлатбекова С. Дар мавзӯъи  Таҳлил ва таҳқиқи назарияи иқтисод аз нигоҳи таърих ва намояндагони иқтисоди муосир. Роҳбари илмӣ: муаллими калон Холова Ҳ.
2. Маърӯзаи донишҷӯи курси 2, ихтисоси 250103 Ғуломов Ҷ. дар мавзӯъи Инкишофи босуръати иқтисодиёти Тоҷикистон Роҳбари илмӣ: профессор Исоматов Б.И.
3. Маърӯзаи донишҷӯи курси 2, ихтисоси 250103 Бадалов Ҷ. дар мавзӯъи Координализм и ординализм – как обосновании теории потребительского поведения. Роҳбари илмӣ: дотсент Юнусова М.М.
Дар рафти конференсияи илмӣ- назариявии донишҷӯён бевосита устодони кафедра ва намояндаи бахши илми донишгоҳ Султонов З. иштирок намуданд.

Роҳбари маҳфили илмии донишҷӯён                                                                                Машокиров Ҷ.Н.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top