Оғози ҳафтаи илм дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон


      Оғози ҳафтаи илм дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо гузаронидани конференсияи илмӣ-назариявии донишҷӯён аз рӯи натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бахшида ба «Соли оила» оғоз гардид.
 Дар оғози конференсия  ректори донишгоҳ профессор Шарипов М.М.  иброз дошт, ки мақсади асосии дурнамои рушди иқтисодиёти инноватсионӣ дар Тоҷикистон,  дар асоси такмили илму маориф, пеш аз ҳама созмондиҳии давлати тамаддунофар ва соҳибистиқлол мебошад, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ, маърифати инсонӣ, ғурури миллӣ ва ҳисси худшиносию  худогоҳӣ, ҳифзи оила ва тарбияи оиладорӣ, ватандӯстию меҳанпарварӣ  мебошад.  Рушди  иқтисод ва тиҷорати муосир дар асоси илму маориф барои Тоҷикистон метавонад модел рушди инноватсионии иқтисодиётро пешниҳод намояд, зеро асоси дурнамои он аз ба фароҳам  овардани шароит барои гузаштан ба иқтисоди тараққикарда дар асоси стратегияи рушди саноат, хоҷагии қишлоқ, нақлиёту роҳҳо, соҳибкории истеҳсолӣ, дастгирии давлатию хусусӣ  ва соҳаи хадамот мебошад.
        Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ Садирова Г. -дунишҷӯи курси 2 ихтисоси 25.04.01.02 дар мавзӯи «Таъмини рушди босуботи иқтисодиёти кишвар дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷли Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Хаёлов С.- донушҷӯи курси 1 ихтисоси 25.01.03 дар мавзӯи «Соли оила- рушди ҷомеаи солим ва давлат: иқтибосҳо аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати рӯзи модар», Бобоқулов А.-донишҷуи курси 1, ихтисои 25.01.10 дар мавзӯи «Ғалабаи халқи ИҶШС дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ва Шарифов Ш.-донишҷӯи курси 1, ихтисои 25.01.03 дар мавзӯи «Год семьи: проблемы родственных браков» баромад намуданд.
       Кори конференсияи илмӣ - назариявӣ дар 16 бахш идома ёфта, дар он донишҷӯён бо маърузаҳои илмӣ масъалаҳои ҳалталаби иқтисодиёти инноватсионӣ, ҳуқуқ, кооператсияи матлубот, гумрук, тиҷорат, иқтисоди ҷаҳонӣ, баҳисобгири бухгалтерӣ ва аудит, молшиносӣ ва технологияи хӯроки омма, фалсафа, сиёсатшиносӣ, математика, варзиш ва тарзи ҳаёти молимро мавриди баҳсҳои илмӣ қарор медиҳанд. Ҳамаи мақолаҳои илмии донишҷӯён  аз ҷониби ҳайати таҳририя мавриди омӯзиш ва таҳрир қарор дода шуда, дар маҷмӯаи мақолаҳои конференсияи  илмӣ-назариявӣ  чоп карда мешаванд. Инчунин ғолибон бо мукофотҳои пулӣ қадр карда мешаванд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top