Вохӯрӣ бо ректори Донишгоҳи аврупоии Лефке, Кипр.

17-уми апрели соли 2015 ректори Донишгоҳи аврупоии Лефке бо сафари расмӣ аз донишгоҳи мо дидан кард. Ҳангоми вохӯрӣ ректорони донишгоҳо иттилоотро оид ба дастовардхои дониҳгоҳҳо тободул намуданд ва имкониятҳои потенсиалии ҳамкориҳои самарабахшу ба ҳар ду тараф манфиатнокро баррасӣ карданд.

Зимни вохӯрӣ мувофиқа шуд, ки созишномаи дуҷонибаи ҳамкорӣ оид ба рушди фаъолнокии донишҷӯён ва устодон, созмон додани конференсияҳо, семинарҳо ва тренингҳои якҷояи байналмилалӣ,  имкониятҳои омӯзиши донишҷӯён ва устодони ДДТТ аз рӯи барномаи МА ва  PhD бо равияҳои иқтисодӣ, баста шавад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top