Ташрифи намояндагони Хазинаи сулҳ ва рушди Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ДДТТ

10 – уми апрели соли 2015 намояндагони Хазинаи сулҳ ва рушди Ҷумҳурии Мардумии Чин бо сафари хизматӣ ба ДДТТ омаданд. Ҳайати намояндагонро ҷонишини котиби генералии Хазина Ю. Сяосюан роҳбарӣ намуд. Дар рафти сафари хизматӣ меҳмонон аз китобхонаи донишгоҳ дидан карданд, ба фаъолияти бонки таълимӣ ва Маркази омӯзиши фосилавӣ шинос шуданд ва ҳамчунин, бо донишҷуён ва устодони факултети Муносибатҳои иқтисоди байналмиллалӣ ва ҳуқуқ вохӯрданд. Зимни вохӯрӣ бо раёсати донишгоҳ роҳҳои минбаъдаи ҳамкориҳоро, аз ҷумла ташкили курсҳои омузӯшии забони чиниро дар заминаи Маркази забонҳои хориҷии донишгоҳ муҳокима намуданд
- Мо бисёр шодем, аз он ки ба дидорбинии Шумо омадем, шодем, ки таассуротҳои некро бо ҳам бинем, - гуфт роҳбари ҳайати намояндагон Ю. Сяосюян. - Ин сафари хизматиӣ ба мо имкониятҳои ҳамкориҳои минбаъдаро бо донишгоҳи Шумо ҳам дар соҳаи таҳсилот ва ҳам дар соҳаи гуногуни илм мекушояд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top