Таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ: ҳамкорӣ барои таъмини рушди иҷтимоӣ – иқтисодӣ

Рушди самараноки иқтисодиёт проблемаҳои омодасозии кадрҳоро тавассути муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбиро тезу тунд намуда, зарурати ислоҳоти саривақтии таҳсилотро муҳим мегардонанд. Имрӯз ба сифати яке аз вазифаҳои муҳими ислоҳоти низоми таҳсилот ба роҳ мондани ҳамкориҳои самаронок байни таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти миёнаи касбӣ ба шумор меравад.
10 – ум ва 11 – уми марти соли 2015 дар Донишгоҳи Истамбул (ш. Истамбул, Туркия) семинар дар мавзӯи «Таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ: ҳамкорӣ барои таъмини рушди иҷтимоӣ – иқтисодӣ» баргузор гардид.
Агентии иҷроия оид ба таҳсилот, васоити аудиовизуалӣ ва фарҳанги Комиссияи аврупоӣ ба ҳайси ташаббускор ва ташкилотчии ин семинар баромад кард.
Дар чорабини мазкур зиёда аз 150 нафар, аз он ҷумла экспертҳо оид ба раванди Болония аз кишварҳои ҳамкор, экспертҳои аврупоӣ дар соҳаи таҳсилот, ҳамоҳангсозони миллии барномаҳои Эразмус+, намояндагони донишгоҳи Истамбул ва ҷомеаи академӣ, кормандони муассисаҳое, ки ба масъалаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ машғуланд, намояндагони сохторҳои бизнес, шахсони расмии Вазорати маорифи Туркия, намонядагони Комиссияи аврупоӣ ва хазинаи аврупоии таҳсилот иштирок доштанд.
Дар рафти семинар иштирокчиён 4 – мавзӯъҳои муҳими зеринро баррасӣ ва муҳокима намуданд:
1. Таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти миёнаи касбӣ: ҳамкорӣ ҷиҳати омодасозии ҳайати омӯзгорӣ ва маъмурӣ барои низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ.
2. Таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти миёнаи касбӣ: ҳамкорӣ оид ба коркарди дараҷаҳои тахассусот барои бозори меҳнат дар доираи таҳсилоти миёнаи касбӣ.
3. Таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти касбӣ: ҳамкорӣ барои таъмини эътирофи тахассусот дар чорчӯбаи бахшҳои гуногуни низоми таҳсилот.
4. Таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти касбӣ: ҳамкорӣ барои таъмини рушди маҳал.
Экспертҳои кишварҳои Миср, Малта, Албания, Словения, Финляндия, Туркия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва дигарон маърӯзаҳои худро муаррифӣ намуда, доир ба мавзӯъҳои семинар табодули таҷриба намуданд.
Баромадҳо мубоҳисаҳои фаъолро байни намояндагони ҷомеаи академӣ, экспертҳо оид ба раванди Болония ва намояндагони сохторҳои бизнес оид ба нақши таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти миёнаи касбӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои мухталиф ба вуҷуд овард.
Дар рафти семинар масъалаҳо марбут ба тадқиқотҳои муҳим ва навовариҳои охирин дар соҳаи таҳсилоти касбӣ дар кишварҳои мувофиқ муҳокима шуданд.
Кори семинарро натиҷагирӣ намуда, иштирокчиён қайд намуданд, ки таҳкими ҳамкориҳо байни таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ бояд ба ҳалли вазифаҳои зерин мусоидат кунад:
- эътирофи салоҳиятҳо ва тахассусҳо;
- таъмини ҳамоҳангии бахшҳои гуногуни низоми таҳсилот;
- мусоидат барои коркарди салоҳиятҳо ва тахассусҳо дар доираи соҳа;
- таъмини сифати таҳсилот;
- баҳисобгирии талаботи ҳайати омӯзгорон ба ҳама намудҳои таҳсилоти касбӣ
Семинар дар шаҳри Истамбул ҳамчун майдон барои табодули таҷриба, ҷустуҷӯ ва татбиқи қарорҳои самаранок дар ҷодаи ислоҳоти таҳсилоти касбӣ, пешниҳоди ақидаҳои нав барои татбиқи лоиҳаҳои оянда буд ва ҳамчунин, барои рушди ҳамкориҳои нав мусоидат намуд.

  

 

 

 

 

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top