Мизи мудаввар

Рӯзи 7.04.2015 дар партави Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бахши бонувон ва донишҷӯдухтарон дар Донишгоҳи давлатиии тиҷорати Тоҷикистон мизи мудаввар оид ба  мавзӯи  «Масъулияти оила дар назди ҷомеа» баргузор гардид. Дар мизи мудаввар Акрамов Ф.М.-муовини ректор оид ба таълиму тарбия,  Мамадалиева С.Р.-корманди  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зуҳурова З.- мудири бахши занони КИ  ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Казакова У.С.-раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Абдураҳмонова М.- мудири бахши занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Д. Сиярова – раиси Шӯрои занони муассисаи давлатии «Сафина», Шарипова Ф.-роҳбари бахши бонувон ва донишҷӯдухтарони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, бонувон ва донишҷӯдухтарони фаъоли донишгоҳ иштирок намуданд. Мақсади баргузории мизи мудаввар баҳри дар ҳаёт татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (аз 2.08.2011, №762), Соли 2015–Соли оила, қарору фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот, қарорҳои Шӯрои олимон ва раёсати донишгоҳ мебошад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top