Вохӯрии ректори донишгоҳ бо устодон, кормандон ва донишҷӯёни факултети тиҷорат ва гумрук

Вохӯрии ректори донишгоҳ д.и.и., профессор Шарипов М.М. бо устодон, кормандон ва донишҷӯёни факултети тиҷорат ва гумрук, санаи 2.04.2015
Мақсади вохӯрӣ ин иҷроиши саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ва риояи тартиботи дохилии донишгоҳ ва ғайра буд.
Зимни ин вохӯрӣ ректори донишгоҳ, профессор Шарипов М.М. доир ба масъалаҳои зерин чунин ибрози андеша намуд:
1.    Пурзӯр намудани назорати ҳамарӯзаи ҷараёни таълим, баланд бардоштани масъулияти сарпарастон ва сардорони гурӯҳҳои таълимӣ.
2.    Қатъиян манъ намудани истифодаи мошинҳои шахсӣ аз ҷониби донишҷӯ ҳангоми ба дарс омадан.
3.    Истифода набурдани телефонҳои мобилӣ дар ҷараёни машғулиятҳо ва  дохили биноҳои таълимӣ.
4.    Риояи сару либоси тавсияшуда аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
5.    Пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мақсади пешгирии шомилшавии донишҷӯён ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарои.
6.    Пурзур намудани назорати рафти имтиҳонҳои фосилавӣ ва ҷамъбастӣ  дар факултетҳо бо мақсади пешгирии  ҳолатҳои номатлуб.
7.    Сари вақт ташкил намудани дарсҳои такрорӣ баҳри бартараф намудани қарзҳои академии донишҷӯён.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top