Маълумотнома

Дар Донишгоӽи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тибқи нақшаи таълимӣ ва нақшаи чорабинихои маркази бозомӯзӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва карера аз 20.01. то 20 02.2015 курсӽои кӯтоӽмуддати такмили ихтисоси «Педагогика ва психология», ки аз тарафи Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаӽои таӽсилоти олии касбии назди Донишгоӽи миллии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар курси мазкур 24 нафар устодони ҷавони донишгоӽ аз кафедраӽои тахассусӣ фаъолона дар машғулиятӽои лексионию амалӣ иштирок варзида, баъди бомуваффақият супоридани санҷишу имтиӽонӽо сазовори гувоӽномаи мутобиқат гардиданд.

Рӯзи 7 марти соли равон дар арафаи Иди модарон-бонувони Тоҷикистон гувоӽномаӽо ба шунавандагон ботантана супорида шуданд. Дар ҷаласаи тантанавӣ ректори донишгоӽ профессор Шарипов М.М., проректор оид ба инноватсия дотсент Толибов Қ.Қ., мудири марказ дотсент Ҷамшедов М.Ҷ. ва намояндаи Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаӽои таӽсилоти олии касбии назди Донишгоӽи миллии Тоҷикистон Муинова Шаӽло иштирок намуда баромад намуда, ба устодони ҷавон дар роӽи таълиму тадрис комёбиӽои беназир орзу намуданд.

Мудири маркази бозомӯзӣ,

такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ

ва карераи ДДТТ, дотсент                                               М.Ҷ. Ҷамшедов

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top