Рӯзи дарӽои кушод

      Дар Донишгоӽи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таърихи 5-уми марти соли 2015 «Рӯзи дарӽои кушод» баргузор гардид.
     Дар ин рӯз хатмкунандагони муассисаӽои таӽсилоти миёнаи умумӣ имконият ба даст оварданд, ки бо заминаи моддиву техникӣ, дастовардӽо  ва шароити таълиму тарбия дар донишгоӽ аз наздик ошно шаванд.
        Дар доираи «Рӯзи дарӽои кушод» Озмуни ҷумӽуриявӣ дар байни хатмкунандагони болаёқат шуда гузашт. .
Озмун тариқи қабули имтиӽонӽои тестӣ аз фанӽои математика, забон ва адабиёти тоҷик,  забони англисӣ, асосӽои давлат ва ӽуқуқ гузаронида шуд.

  
      Саволномаӽои тестӣ тибқи талаботи Маркази миллии тестии Ҷумӽурии Тоҷикистон тартиб дода шудаанд.
Ғолибони озмун бо туӽфаӽои арзишнок, ба монанди компютер, ноутбук, нетбук, планшет ва дигар туӽфаӽои рамзии донишгоӽ қадр карда шуданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top