Паёми рӯӽбахшу ӽидояткунанда

      27-уми январи соли ҷорӣ дар толори асосии Донишгоӽи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷиӽати омӯзишу баррасии Паёми Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон ба Маҷлиси Олии Ҷумӽурии Тоҷикистон бо иштироки устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоӽ ҷамъомад доир гардид, ки он бо сухани ифтитоӽии ректори донишгоӽ доктори илмӽои иќтисодӣ Шарипов М.М. оғоз ёфт.
       Ректори донишгоӽ ба таври муфассал мазмуну мӯӽтавои Паёми Президенти мамлакатро, ки муайян кардани самтӽои фаъолияти соӽаӽои иќтисодиву иҷтимоии мамлакат, ӽалли сариваќтии масъалаӽои вобаста ба таъмини нишондиӽандаӽои дурнамои соли 2015 ва таъкиди афзалиятӽо барои давраи миёнамуӽлат дар оғози солро дарбар мегирад, шарӽ дода, Паёми навбатии сарвари давлатро идомаи мантиќии паёмӽои ќаблӣ ва дастури муфиду ӽидояткунанда дар тамоми ҷабӽаӽои кору зиндагӣ маънидод намуд.

        Дар баробари дигар соӽаӽо суханашро давом дода,- гуфт Муминҷон Машокирович,-Президенти кишвар ба соӽаи маориф, ки самти афзалиятнок эълон шудааст, диќќати бештар доданд.
        Ноиби ректор оид ба таълиму тарбия, дотсент Акрамов Ф.М. низ, ки иштирокчии бевоситаи паёми мазкур буд,  оид ба нуктаӽои асосии Паёми Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумӽурии Тоҷикистон суханронӣ карда, чунин зикр намуд, ки дар Паёми  Президенти кишвар дар ќатори дигар  иштирокчиён  ширкат варзидам ва метавонам гӯям, ки ин Паём дар ӽаќиќат як барномаи фарогири ӽама ҷабӽаӽои  ӽаёти кишвар барои соли ҷорӣ аст.
         Директори литсейи назди донишгоӽ Маӽмадуллоев З. зимни суханрониаш Паёми Сарвари давлатро роӽнамо ва ӽидояткунанда арзёбӣ карда, баланд бардоштани маӽорат ва малакаи касбии омӯзгорон, ба таври доимӣ ташкил намудани курсӽои такмили ихтисоси бозомӯзӣ ва ӽар чӣ бештар шинос намудани онӽо бо технологияӽои муосири таълимро, ки дар Паём таъкид карда шуд, тадбири сариваќтӣ ва амри зарурӣ медонад.

        Мудири  шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоӽ,  Ӽомидов А.Н.  низ ки дар Паёми имсола иштирок дошт, дар бораи роӽӽои боз ӽам беӽтар ба роӽ мондани тарбияи ватандӯстии ҷавонон, худшиносии миллӣ ва шомил нагардидани онӽо ба ӽар гуна ӽизбу ӽаракатӽои ифротгаро ӽарф зада, аз ӽарваќта дида муттаӽид гардидани онӽоро баӽри пешрафту шукуфоии кишвар ва мустаӽкамтар намудани пояӽои Ваӽдати миллӣ таќозои замон номид.
       Ҷамъомадро ректори донишгоӽ профессор Шарипов М.М. ҷамъбаст намуда, иброз намуданд, ки аӽли коллективи донишгоӽ Паёми имсолаи Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раӽмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумӽурии Тоҷикистон  сармашќикори худ намуда барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони соӽаи иќтисод ва савдо саъю кӯшиш менамоянд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top