Дар Бӯстон ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор шуд

Дар мулоқот роҳбарони ҳайатҳо аз ҷараёни иҷрои тавофуқҳои ду ҷониб оид ба аломатгузории гузариши хати лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ба гурӯҳи кории топографӣ ва гурӯҳи кории масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ҷиҳати ҷоннок намудани кор ва ҳалли тамоми масъалаҳои мавҷудаи наздисарҳадӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Роҳбарони ҳайатҳо бо натиҷагирӣ аз фаъолияти гурӯҳҳои корӣ бори дигар муҳиммияти имзои Протоколи №44 аз 2 октябри соли 2023-ро вобаста ба амалӣ намудани масъалаҳои ҷорӣ ва суръат бахшидани раванди делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон таъкид намуда, барои татбиқи таъхирнопазири бандҳои он изҳори омодагӣ намуданд.

Ҷаласа дар фазои дӯстона ва ҳусни ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top