Ҷавонон ва равандҳои муосир

Сулҳу субот ва оромиву осоиштагии кишвари азизамон ба он мусоидат карда истодааст, ки тамоми соҳаҳои хоҷагии ҳалқи мамлакат босуръат пеш рафта, на танҳо шароит ва сатҳи зиндаги мардум хубтару беҳтар гардида истадааст, балки обрӯю эътибори Ватани маҳбубамон дар арсаи байналмилалӣ низ боло рафта истодааст. Инро мо, ҳамагон, ки зодаи ин кишвари биҳиштосо ҳастем, ба хубӣ эҳсос мекунем ва аз дастовардҳои замони истиқлолият, ки хеле зиёданд, меболем ва баҳри афзун гардидани онҳо кӯшишу ғайрат ба харҷ медиҳем.

Воқеан ҳам кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба муваффақиятҳои беназир ноил гардид. Вале ин ҳама дастоварду пешравиҳоро душманону бадхоҳони миллат нодида гирифта, ба ҳар роҳу восита меҳоҳанд, ки оромию осоиштагии кишварамонро халалдор намоянд. Онҳо, хусусан, намояндагону мубаллиғони ташкилоти террористӣ – экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ, ки солҳои 90-уми асри гузашта ба сари мардум бадбахтии зиёд оварда буданд, мехоҳанд, ки ба ҳар восита ҷавононро ба ҷараёнҳои террористию ифротгаро ҷалб намуда, мақсадҳои нопоки худро амалӣ гардонанд.

Ҳадафи асосии ҷамъомади доирнамудаи раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки рӯзи 23-юми сенятбри соли равон бо иштироки роҳбарони тамоми сохторҳои донишгоҳ сурат гирифт, аз пешгирӣ намудани ҳолатҳои воридшавии ҷавонон – донишҷӯён ба ташкилоту ҳизбҳои террористиву ифротгаро, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ тарбия намудани ҷавонон ва ҳушриёву зиракии сиёсиро аз даст надодани онҳо иборат буд.

Баъди суханронии муовини ректор оид ба таълим ва тарбия, дотсент Қобил Толибов доир ба масъалаи зикргардида ва таъкидҳои ӯ барои аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ филми мустанади “Хиёнат”, ки аз қатлу куштор, рафтору амалҳои ваҳшиёна ва дигар ниятҳои нопоки роҳбарон ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳикоят мекард, намоиш дода шуд.

 

 

Баъди тамошои филм муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифат, доктори илми иқтисодӣ Фарҳод Шаропов аз роҳбарони сохторҳои донишгоҳ даъват ба амал овард, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни донишҷӯён пурзӯр намуда, зимни гузаронидани суҳбату вохӯрӣ ва соатҳои тарбиявӣ донишҷӯёнро ба ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ҳидоят намоянд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top