Идоракунии инноватсионӣ дар гумрук

18-уми сентябри соли 2020 дар факултети тиҷорат ва гумрук дар мавзӯи “Идоракунии инноватсионӣ дар соҳаи гумрук” вохӯрии сарнозири Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани хадамоти гумрук Шоҳназари Ҳуҷаназар, нозири калони шуъбаи молиявии раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, лейтенати калони хадамоти гумрук Насрулло Абдуллозода бо омӯзгорону магистрантон ва донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси 940101-хадамоти гумрук баргузор гардид.

Нахуст ҳамоишро омӯзгори кафедраи «Экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукӣ», номзади илми иқтисодӣ Муҳаммадҷон Алиев оғоз намуда, аз ташрифи меҳмонон изҳори сипос кард.

Сипас, Шоҳназари Ҳуҷаназар ва Насрулло Абдуллозода доир ба мавзӯи баёншуда суханронӣ намуда, ба суолҳои аҳли нишаст посух гуфтанд.

Дар фароварди ҳамоиш мудири кафедра, доктори илми иқтисодӣ, профессор Нозимҷон Нидоев низ доир ба мавзӯи мавриди назар ибрози андеша карда, ба намояндагони масъули ниҳоди давлатӣ барои суханронии пурмазмун изҳори сипос намуд.

  

Кафедраи экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукӣ,

шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top