Силсилаи тадбирҳо дар доираи лоиҳа

16 - уми сентябри соли 2020 дар дар донишгоҳ мизи мудаввар дар мавзӯи «Таҳия ва татбиқи барномаҳои таҳсилотӣ аз рӯи ихтисосҳо дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон" дар доираи лоиҳаи “Низоми менеҷменти сифат” баргузор гардид, ки дар он намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии пойтахт иштирок намуданд.

Нахуст муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифат, доктори илми иқтисодӣ Шаропоф Ф.Р. ҳамоишро оғоз намуда, аз иштироки намояндагони шуъбаҳои таълим ва сифати МТОК-и ш. Душанбе ва аъзои гурӯҳи кории лоиҳа дар мизи мудаввар изҳори сипосу ризоият карданд ва таъкид намуданд, ки мақсади асосии чорабиниҳое, ки дар доираи лоиҳа дар давоми моҳҳои сентябр ва октябри соли равон баргузор мегарданд, аз муаррифӣ ва муҳокимаи натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳи корӣ иборат аст. Инчунин, мавсуф зикр намуданд, ки такмили барномаҳои таҳсилотии ба салоҳиятнокӣ асосёфта тақозои замони муосир аст ва ин амал барои боло бардоштани сатҳу сифати таҳсил дар мактаби олӣ мусоидат мекунад.

Дар рафти семинар 4 маърӯза баррасӣ гардид: “Талаботи асосии стандарт ва нишондодҳои аврупоии таъмини сифат ба таҳияи барномаҳои таҳсилотӣ”, “Таҷрибаи донишгоҳҳои Гранадаи Испания, Пизаи Италия ва менеҷменти Алма-Ато (AlmaU) дар ҷодаи таҳия ва татбиқи барномаҳои таҳсилотӣ”, “Барномаҳои таҳсилотии аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон: омодагирӣ, раванди аккредитатсия, ҷамъбасти натиҷаҳои он”, “Таҳлили стандартҳои таҳсилотии амалкунанда аз рӯи ихтисос дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз диди мувофиқати онҳо ба стандартҳои аврупоӣ”. Дар ҳамоиш мушовири байналмилалӣ аз AlmaU Тлеужанова Айимгул (PhD) оид ба таҷрибаи донишгоҳи хеш ба тариқи онлайн суханронӣ намуда, ба саволҳои иштирокдорон посух доданд.

Ҳамаи иштирокдорони мизи мудаввар воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ва таъмини рақобатпазирии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро дар бозори дохилӣ ва ҷаҳонии хадамоти таҳсилотӣ ба тавассути болоравии сифати таълим ва тарбия пазируфтанд ва мутобиқгардонии стандарту барномаҳои таҳсилотии муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳуриро ба талаботи стандарту нишондодҳои аврупоии таъмини сифати таҳсилот (ЕSG) зарур шумориданд. Инчунин, намояндагони МТОК оид ба масъалаи такмили барномаҳои таҳсилотии хеш изҳори ақида намуданд.


Дар фарҷоми мизи мудаввар Фарҳод Шаропов  ба аҳли нишаст барои иштироки фаъолона изҳори сипос намуда,  онҳоро ба мизи мудавар оид ба таҷрибаи таҳия ва ворид намудани низоми менеҷменти сифат дар ДДТТ, ки 29-уми сентябри соли 2020 баргузор мегардад, даъват намуданд.



Дар доираи лоиҳаи “Низоми менеҷменти сифат” дар моҳҳои июл-август низ якчанд чорабиниҳо, аз ҷумла, вохӯриҳои гурӯҳи корӣ ва вебинарҳои ҷамъбастӣ бо мушовирони байналмилалии донишгоҳҳои ҳамкор бо мақсади экспертизаи барномаҳои таҳсилотӣ ва тарзи гузаронидани аудити дохилии НМС (таҷрибаи AlmaU), баргузор шуданд.

Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ,

шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top