Аксия доир ба интихобот

16-уми сентябри соли 2020 бо кӯшишу роҳбарии мутахассисони шуъбаи кор бо ҷавонон ва занон як гурӯҳ ризокорони фаъоли донишгоҳ вобаста ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди бозори "Султони Кабир" ва Сирки давлатӣ аксияи тарғиботӣ - ташвиқотӣ таҳти унвони “Ширкат дар интихобот масъулияти ҳар як шаҳрванд аст” баргузор намуданд.

Ризокорон дар ин ду маҳал ба шаҳрвандон доир ба маъракаи интихоботи президентӣ-2020 суҳбату вохӯрӣ гузарониданд ва ба онҳо варақаи тарғиботӣ тақсим карданд.

 

Шуъбаи кор бо ҷавонон ва занон,

шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top