Футболбозони донишгоҳ - чемпиони мусобиқа

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои  саривақтии дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати рушди соҳаи варзиш ва ҷалби ҷавонон ба он, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва пешгирӣ аз омилҳои номатлуб дар байни ҷавонон аз 1-уми сентябри соли равон то 15-уми сентябр «Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони пойтахт» - ро аз рӯи 4 навъи варзиш дар ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор намуд.

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ин мусобиқа аз рӯи 2 навъи варзиш - шоҳмот ва футбол иштирок намуданд.    Дастаи шоҳмотбозони донишгоҳ дар вохӯрӣ бо дастаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов мағлуб шуда, аз давом додани бозӣ маҳрум гардиданд.

 

Дастаи футболбозони донишгоҳ дар байни 21 даста, ки донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу литсейҳои шаҳри Душанберо муаррифӣ менамуданд, ғолиби мусобиқа, яъне сазовори ҷои якум гардиданд.

Вохӯриҳо бо чунин натиҷа анҷом ёфтанд:

ДДТТ - Коллеҷи дизайн       3 - 2;

ДДТТ - Коллеҷи технологӣ   3 - 2;

ДДТТ - Донишгоҳи молия ва иқтисод    6 - 3;

Дар вохӯрии нимниҳоӣ футболбозони донишгоҳ бо дастаи футболбозони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ вохӯрда бо ҳисоби 4-3 ғолиб омаданд. Дар вохӯрии ниҳоӣ (финалӣ) футболбозони донишгоҳ бо дастаи Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба майдони сабз баромаданд.

Қисми асосии бозӣ бо ҳисоби 2 - 2 мусовӣ анҷом ёфт. Баъдан иҷрои силсилаи зарбаҳои 11 метра дастаи футболбозони донишгоҳ бо ҳисоби 2-1 ғалаба намуда, чемпиони мусобиқа гардиданд. Бояд гуфт, ки дар вақти иҷрои зарбаҳои 11 метра дарвозабони даста - донишҷӯи курси 4 - уми ихтисоси 260202 Рустам Давлатов маҳорати баланд нишон дода, аз 4 зарбаи ҳариф 3 -тоашро баргардонд.

Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ,

шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top