Шодбошӣ

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки илм ва маорифро соҳаи афзалиятноку стратегӣ эълон намудааст, ба масъалаи омода кардани кадрҳои илмӣ таваҷҷуҳи афзун зоҳир менамоянд.

15-уми сентябри соли 2020 мудири кафедраи иқтисодиёт ва муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Зулфия Қурбонова дар Шӯрои диссертатсионии Д047.019.03 – и Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳовуддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Особенности разрешения конфликтов и конфликтогенных ситуаций в условиях изменяющегося мира” аз рӯи ихтисоси 23.00.04 – проблемаҳои сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ, рушди ҷаҳонӣ ва минтақавӣ муваффақона рисолаи докторӣ ҳимоя карданд.

  

Раёсат ва ҳайати илмию омӯзгории донишгоҳ Зулфия Қурбоноваро барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илми сиёсатшиносӣ шодбош гуфта, ба ӯ дар фаъолияти босамари илмӣ ва омӯзгорӣ барору комёбӣ орзу менамоянд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top