Мизи мудаввар

11-уми сентябри соли 2020 дар донишгоҳ бо саъю кӯшиши аъзои кафедраи молия ва қарз дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идораи молияи давлатӣ” мизи мудаввар дар мавзӯи “Арзёбии сарбории андоз ба субъектҳои соҳибкорӣ” баргузор гардид, ки дар он омӯзгорон ва магистрантон иштирок намуданд.

Мизи мудавварро мудири кафедраи молия ва қарз, дотсент Баҳодур Дӯстматов бо сарсухан оғоз намуда, доир ба масоили мавриди назар ибрози андеша кард.

Муаллими калони кафедра Сияршоҳ Раҳматов дар доираи мавзӯи баёншуда вазъи кунунии сарбории андоз дар кишвар ва субъектҳои алоҳидаи хоҷагидории онро таҳлилу баррасӣ карда, барои беҳбудии вазъи сарбории андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои судманд намуд.

Дар поёни мизи мудаввар Баҳодур Дӯстматов ба Сияршоҳ Раҳматов барои суханронии пурмазмун ва ба аҳли нишаст барои иштироки фаъолона изҳори сипос намуд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top