Ҳаёт бе зӯроварӣ

11-уми сентябри соли 2020 дар донишгоҳ бо кӯшиши мутахассисони  шуъбаи кор бо ҷавонон ва занон дар ҳамкорӣ бо раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиш дар мавзӯи  “Хушунат ва зӯроварӣ - омили коҳишдиҳандаи тарбияи ҷавонон” баргузор гардид, ки дар он сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Заррина Зуҳурова, директори муассисаи давлатии “Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе” Манзура Саломова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ Зуҳро Кӯзибоева ва донишҷӯдухтарон фаъолона иштирок намуданд.

Ҳамоишро сардори раёсати тарбия ва рушди иҷтимоӣ Акрамов Ф.М. бо сухани муқадимавӣ оғоз намуда, доир ба мавзӯи баёншуда ибрози андеша кард.

 

Дар идомаи ҳамоиш Заррина Зуҳурова, Манзура Саломова, Зуҳро Кӯзибоева доир ба масоили муҳимму мубрами ҷомеаи имрӯза, чун хушунат ва зӯроварӣ дар оила, пешгирии падидаҳои нохуш, дахлнопазирии шахсият ва ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдор суханронӣ карданд.

 

Ҳамчунин, аз ҷониби масъулини ҳамоиш ба иштирокдорони он маводди зарурӣ супорида шуд.

Дар фарҷоми ҳамоиш Акрамов Ф. М ба намояндагони масъули ниҳодҳои давлатӣ барои иштирок ва суханронии пурбору судманд изҳори сипос намуд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top