Табрикоти ректори донишгоҳ

Табрикоти ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкасбон ва донишҷӯёни азиз!

Нахуст ҳамаи шуморо ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон, ки имсол 29 – умин солгардашро дар фазои сулҳу субот ва оромиву осоиштагии мамлакат ҷашн мегирем, табрику таҳният мегӯям.

Воқеан, сулҳ неъмати бебаҳо буда, барои ҳар як давлат ва мардуми он, алалхусус, барои сокинони кишварамон арзиши бузург дорад, зеро мардуми мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо баҳои ниҳоят гарон ва бо таҳаммул кардани машаққату маҳрумиятҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст оварданд.

Тавре ки Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд намуданд: “Мо ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлати худро ба ҳеҷ як неъмати дигар иваз намекунем”.

Аз ин рӯ, таъкид намуданд Сарвари давлат, ҳар як нафар бояд шукрона кунад, ки баъди ҳазорсолаҳо мо соҳиби давлати соҳибистиқлол шудем ва тақдири худро ба дасти худамон гирифтем. Ҳар яки мо вазифадорем, ки ин неъмати бебаҳо, яъне истиқлолиятро содиқона ҳифз кунем.

Боиси хурсандист, ки дар замони истиқлолият кишвари азизамон дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи маориф ба пешравӣ ва муваффақиятҳои зиёд ноил гардида, сатҳу сифати таълиму тарбия ва зиндагии мардум хубтару беҳтар гардид. Мисолҳои зерин: дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат фаъолият намудани 9 мактаби президентӣ бо фарогирии қариб 8 ҳазор хонанда, 75 гимназия барои зиёда аз 53 ҳазор толибилм ва 71 литсей барои 36 ҳазор шогирд, ки ҳама дар замони истиқлоли давлатӣ таъсис дода шудаанд, инчунин, аз 13 адад муассисаи таҳсилоти олии касбии давраи Шӯравӣ ба 40 адад расидани онҳо ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи дунё таҳсил кардани 35 ҳазор нафар ҷавонони мамлакатамон гувоҳи ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи зиёд доштани давлату Ҳукумат, бахусус, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва кормандони он мебошад.

Омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз! Бовар дорам, ки ҳар яки Шумо бо донишу малакаи касбӣ ва ҷаҳду талошҳоятон баҳри азбар намудани донишҳои замонавӣ, дар тайёр намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир ва рушди ҳамаҷонибаи кишвари биҳиштосоямон – Тоҷикистони соҳибистиқлол сидқан заҳмат кашида, саҳми босазои худро мегузоред.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top