Дарси кушоди омӯзгори ҷавон

Дар донишгоҳ ба масъалаи омода намудани омӯзгорони ҷавону болаёқат ва кадрҳои тахассусноки миллӣ таваҷҷуҳи афзун зоҳир менамоянд.

Чанде пеш бо роҳбарии муовини ректор оид ба таълим ва тарбия, дотсент Толибов Қ.Қ. ва мутахассисони комиссияи махсуси шуъбаи рушди стратегӣ ва низоми менеҷменти сифат муҳтавою сифати дарс ва шеваю усули тадриси як гурӯҳ омӯзгорони ҷавон мавриди омӯзиш ва таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

 

Масалан, 4-уми сентябри соли равон омӯзгори ҷавони кафедраи “Иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ” Рухшона Шарипова дар курси 1-уми ихтисоси тарабхона ва меҳмонхонадорӣ аз фанни асосҳои соҳибкорӣ дарси кушод гузаронид.

Омӯзгори ҷавон Рухшона Шарипова дарси кушодро бо омодагию масъулияти афзун ва истифодаи босамару эҷодкоронаи технологияи нав ва шеваю усули пешқадаму муосири таълим доир намуд.

Сипас, намоядагони масъул дарси кушоди омӯзгори ҷавонро таҳлилу баррасӣ намуда, ба он баҳои хуб доданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top