Вохӯрии пурбор

2-юми сентябри соли равон дар толори ДДТТ вохӯрии намояндагони ҶДММ – и “Бонки Эсхата” Фурқатулло Исматуллоев, Раҳматҷон Иброҳимов ва Малика Алибаева бо донишҷӯёни курсҳои сеюм ва чоруми равияи иқтисодӣ доир гардид.

Вохӯриро муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифат, доктори илми иқтисодӣ, дотсент Фарҳод Шаропов ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва ҳадафи асосии ҷамъомадро ба аҳли толор баён намуд.

 

Сипас, риштаи сухан ба сардори Департаменти рушди стратегии бонки зикргардида Фурқатулло Исматуллоев во гузошта шуд. Мавсуф дар бораи Барномаи тайёр намудани мутахассисони ҷавони соҳаи бонкдорӣ таҳти унвони “Ман банкир”, соҳибкории хурду миёна, иштирок дар лоиҳаҳои бузург ва муваффақ, шиносоӣ бо шахсони дар соҳаи бизнес шуҳратёфта ва кор дар коллективи дӯсту тифоқ ҳарф зада, саҳми мутахассиси асили касбиро дар пешрафт ва рушди бемайлони бонк ба таври калидӣ маънидод кард. Яъне, – гуфт ӯ, – комёбию муваффақиятҳо ва рушди ҳамаҷонибаи ҳар як корхонаю муассиса, аз ҷумла, бонки "Эсхата" аз касбияти баланди кормандони он вобастагии зиёд дорад.

 

Фурқатулло Исматуллоев, инчунин, аз ҳамкориҳои судманди бонки "Эсхата" бо бонкҳои ватанию байналмилалӣ ҳарф зада, иброз дошт, ки бонк дорои имкониятҳои зиёд буда, алҳол як миллиону ҳафтсад ҳазор мизоҷ дорад. Ӯ донишҷӯёнеро, ки мақсади мутахассиси рақобатпазири соҳаи бонкдорӣ шудан доранд, ба омӯзиши ҷиддӣ, татбиқи дониши назариявӣ дар амалия ва иштирок дар курсҳои ташкилнамудаи бонки зикргардида, ки 4 соатӣ ҳафтае 5 рӯз идома хоҳанд ёфт, даъват намуд.

Намояндагони бонк Раҳматҷон Иброҳимов ва Малика Алибаева дар суханронии хеш аз хусуси шароити таҳсил дар курсҳои омӯзишӣ, ба таҳсил ва кор (ба тариқи коромӯз) ҷалб намудани донишҷӯёни лаёқатманд, ки давраҳои омӯзиширо муваффақона гузаронида соҳиби сертификат гардидаанд, ҳарф зада, иброз доштанд, ки онҳо дар ҶДММ - и “Бонки Эсхата” ба кор қабул карда мешаванд.

Бо ин мақсад аз ҷониби намояндагони бонк ба донишҷӯён пурсишнома (анкета) тақсим карда шуд ва таъкид гардид, ки хоҳишмандони дигар низ имкони аз сомонаи бонк дастрас намудани онро доранд.

Дар хотимаи вохӯрӣ намояндагони бонк ба саволҳои донишҷӯён, ки фарогири масоили рӯзмарраи соҳаи бонкдорӣ буданд, посухи қаноатбахш доданд.

Дар фароварди ҷамъомад Фарҳод Шаропов аз номи Раёсати донишгоҳ ба намояндагони бонки "Эсхата" изҳори сипос намуд ва афзуд, ки ҳамкориҳои донишгоҳ бо ин бонк минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top