Дар остонаи интихобот – 2020

2-юми сентябри соли 2020 дар толори асосии донишгоҳ вохӯрии муовини ректор оид ба таълиму тарбия, дотсент Толибов Қ.Қ., муовини якуми директори Марказии миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Соҳибов, муовини сардори раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи кишвар Ифтихор Самадзода, коршиноси Кумитаи Марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Султонова ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Маҳкамбой Гулов бо омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид, ки дар он масоили муҳимму мубрами имрӯза, чун интихоботи президентӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, боло бурдани худшиносию худогоҳии миллӣ, пешгирии дохилшавии ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои ифротгаро ва террористӣ ва фаъолияти дружиначиёни ихтиёрӣ дар таъмини  тартиботи ҷамъиятӣ дар давраи интихобот мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Нахуст ҳамоишро Қобил Толибов бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда, аз ташрифи намоядагони масъули ниҳодҳои давлатӣ изҳори сипосу ризоият намуд ва доир ба масоили мавриди назар сухан гуфт.

 

 

 

Дар идомаи ҳамоиш М. Соҳибов, И. Самадзода, Д. Султонова ва М. Гулов перомуни масоили баёншуда ибрози андеша намуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш Қобил Толибов бори дигар ба меҳмонон барои иштирок ва суханронии пурмазмун изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки ҷавонони донишгоҳ бо зиракии сиёсӣ, бедории маънавӣ ва таҳсили хубу аъло барои дар сатҳи баланд гузаштани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм хоҳанд гирифт.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top