Маблағгузории низоми таҳсилоти олӣ

27-уми августи соли 2020 дар донишгоҳ мутахассиси шуъбаи рушди стратегӣ ва менеҷменти сифат Замира Қодирова дар доираи барномаи “Дастгирии идораи молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) маблағгузорӣ мешавад, дар мавзӯи “Маблағгузории низоми таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария, методология ва амалия” суханронӣ намуд. Дар ин лексияи кушод, ки ба тариқи онлайн доир гардид, таҳқиқгарони ҷавони донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва пажӯҳишгарони мустақил иштирок намуданд.

Замира Қодирова дар зимни суханронӣ натиҷаи таҳқиқро доир ба мавзӯи байёншуда таҳлилу барасӣ намуд, ки ҳадафи он аз арзёбии модели мавҷудаи маблағгузории давлатии низоми таҳсилоти олии касбӣ ва муайян намудани мушкилот дар татбиқи модели нави маблағгузории низоми таҳсилоти олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top